09:00 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Новогодная ёлка в  Хаджанде

Барномаҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд аз 15 декабр шурӯъ хоҳанд шуд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Мақомот дар шаҳри Хуҷанд дар маркази шаҳр арчаи солинавиро гузошта, шурӯъ аз 15 декабр барои сокинони шаҳр барномаҳои солинавӣ пешниҳод хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи Маркази савдои “Авасто” арчаи солинавӣ гузошта шуда, пас аз 15 декабри соли равон барои сокинон ва меҳмонон барномаҳои солинавӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, аз 15 то 20 декабр дар барномаҳои фарҳангии хонандагони мактаб ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд ва аз 20 то 30 декабр барномаҳои солинавии донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДИС ДДТТ, ДП ДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва ДДҲБСТ ба намоиш гузошта мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳамзамон дар ин рӯзҳо муассисаҳои фарҳангии Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён”, ансамбли фолклории “Фалак”, ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” барномаҳои ҷолибро пешниҳод менамоянд.

Барчаспҳо:
базми солинавӣ, арчаи солинавӣ, барномаҳои фарҳангӣ, Хуҷанд, арчаи солинавӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ