11:51 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Майдони парчам дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бунёди майдони парчам дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Ифтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 18 декабри соли равон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии майдони мазкур оғоз бахшид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки майдони Парчами давлатӣ дар шафати Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва дар масоҳати 1 гектар бунёд мегардад.

“Майдон дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо хоҳад буд, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Барчаспҳо:
бунёд, майдон, Парчам, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ