21:08 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Автомобиль марки Тико забросали камнями и палками

Садами марговар: ҷавони 20 сола ба ҳалокат расид

Медербек Ниязалиев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
533 0 0

Дар бархурди ду мошин дар наздикии деҳаи Тошмунори ҷамоати деҳоти Чинори ноҳияи Панҷакент ҷавони 20-сола ба ҳалока расид

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми декабри соли равон наздикии деҳаи Тошмунори ҷамоати деҳоти Чинори ноҳияи Панҷакент автомашинаи “Тико” ба автомашинаи “Опел-Астра” бархурда, дар натиҷа мусофи мошини “Тико” Фирузҷон Толибович, соли таваллудаш 1998 ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тахминан соати 14:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, Воҳидов Раҳматҷон, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми бо роҳи мошингарди деҳаи Тошмунори ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри мазкур ҳаракат намудан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Тураев Шералӣ Ҳасанович, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Чимқалъа, бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тико” Бегимқулов Фирузҷон Толибович, соли таваллудаш 1998, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ додааст ВУД Тоҷикистон. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки мусофирони дигари автомашинаи мазкур Мирзоева Хонимой Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1971 ва Каримова Нигора Амировна, соли таваллудаш 1976, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашттаанд. 

дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳодиса мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Барчаспҳо:
ҷавон, ба ҳалокат расид, Панҷакент, Суғд, садамаи маргбор, садамаи нақлиётӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ