07:42 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Тотальный диктант в Душанбе

Оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол 2018” дар Душанбе

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Озмуни “Донишҷӯи сол 2018” миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, довталабони 20 муассисаҳои таълимии кишвар дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иншои озод менависанд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Имрӯз  дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол 2018” оғоз ёфт, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, озмуни “Донишҷӯи сол”  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар барои таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарину лаёқатманд эълон шуда, ҳамасола доир карда мешавад.

“Даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд”, - таъкид намудааст манбъ.

Озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон  бо ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ