04:32 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Преступник за решеткой

Корманди комиссариати ҳарбӣ барои порагирӣ дастгир шуд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
447 0 0

Кормандони ожонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон корманди комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора барои ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва додани билети ҳарбӣ дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Мирзомуддинро барои порагирӣ дастгир намудааст.

“Ба Агентӣ шаҳрванд “А”муроҷиат кард, ки мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Мирзомуддин бо истифодаи мақоми хизматӣ аз ӯ барои ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва додани билети ҳарбӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст”,- гуфт манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки Сироҷиддини Мирзомудин ҳангоми гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишоӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Кормандони Ожонсӣ доир ба ҳолат мазкур 18 октябри соли равон нисбати Сироҷиддини Мирзомудин бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд.

Баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сироҷиддини М. барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол карда шуд.

Барчаспҳо:
Комиссариати ҳарбӣ, дастгир, порагирӣ, порахӯрӣ, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ