Мирзиёев паймони ҳамкории стратегӣ бо Тоҷикистонро имзо кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон паймони ҳамкории стратегӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро имзо кард

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон Қонун “Дар бораи тасдиқи паймони ҳамкории стратегӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон”-ро ба имзо расонд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар медиҳад.

Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Усмонов: Мирзиёев “Горбачёви узбакӣ нест”

Алишер Курманов, раиси Кумитаи Сенат доир ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур, баёнгари сиёсати хориҷии мутамаркиз барои тақвияти бештари ҳусни ҳамсоягӣ ва дӯстии Тошканд хонд.

Паймони ҳамкории стратегӣ 17 августи соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд.

Он замон дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони кишварҳо 27 санади ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, саноат, маориф, фарҳангу илм ва ғайра ба имзо расониданд.

Қаблан, 30 ноябри соли 2018 шартнома аз тарафи Палатаи қонунгузор (поёнӣ)-и Олий Маҷлис (парлумон)-и Узбакистон тасдиқ шуда, 13 декабр Сенат (палатаи болоӣ) ин кишвар тасдиқ кард.

Лентаи хабарҳо
0