03:00 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Девушки аплодируют президенту Таджикистана

Раиси ноҳияи Мастчоҳ ба 100 нафар донишҷӯ кӯмакпулӣ дод

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
21610

Раиси ноҳия Мастчоҳ зимни вохури бо ҷавонон наздик ба 100 нафари донишҷӯёни ятим, камбизоат ва онҳое, ки тавассути квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд кӯмаки молиявӣ расонида шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонони ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил доранд, мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти раиси ноҳия бо донишҷӯён дар Кохи фарҳанги "Суғдиён"-и маркази вилоят баргузор шуд.

“Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо ҳаёти донишҷӯён, огоҳӣ аз раванди таҳсилу хониш, сатҳи одобу ахлоқ, шунидани дархосту пешниҳод ва таклифу андешаҳои судманд вобаста ба пешрафту ободии ноҳия мебошад”, - таъкид намудааст Ғайрат Азиззода.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Мастчоҳ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони 300 иншоот,  сохта мешавад.

Дар охири ҷаласа раиси ноҳия наздик ба 100 нафар донишҷӯёни ятим, камбизоат ва онҳое, ки тавассути квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, кӯмаки яквақтаи молиявӣ пешниҳод кард.

Барчаспҳо:
кӯмакпулӣ, пешниҳоди кӯмакпулӣ, вохурӣ, донишҷӯ, Мастчоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ