07:48 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Зима в Душанбе

Сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 13,2 дарсад афзоиш ёфт

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
133 0 0

Дар муқоиса бо соли гузашта, имсол дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ 13,2 фоиз боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи бекорон дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ 51,5 ҳазор нафарро ташкил намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории  ТоҷикТА.

“Дар моҳи октябри соли 2018 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар 5,9 ҳазор нафар бо дархости ҷои кор муроҷиат намудаанд, ки ин нишондиҳанда 13,2 фоиз аз миқдори ҳаминвақтаи соли гузашта зиёдтар аст. Аз ин миқдор 3,7 ҳазор бекорон қобилияти меҳнатӣ доштаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷойҳои холии корӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,7 дарсад зиёд шуда, 9,2 ҳазорро ташкил кардаанд. 2,4 фоиз ва ё 3,9 ҳазор ҷойҳои кории холӣ аз рӯи ихтисос пешниҳод шудаанд.

Шумораи бекорони ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда дар ин ниҳод 51,5 ҳазорро ташкил карда ба миқдори 0,8% нисбати ҳамин давраи соли гузашта боло рафтааст.

Мувофиқи ин маълумот 49,2 дар сади шумораи  бекорони ба таври расмӣ ба қайд гирифта шударо занон ташкил кардаанд. Сатҳи бекорони ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда аз нигоҳи иқтисодӣ 2,2% аҳолии фаъоли  кишварро  ташкил дадааст.

Барчаспҳо:
меҳнат, душанбе, бекорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ