11:35 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Вручения наград лучшему предпринимателю Согдийской области

Дар вилояти Суғд ба соҳибкорони беҳтарин беш аз 431 ҳазор сомонӣ мукофтпулӣ доданд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Имрӯз дар вилояти Суғд барандагони озмуни "Соҳибкори беҳтарини соли 2018"   эълон шуд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмун 431 200 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид намудааст, ки озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, гузаронида шуд.

Раиси вилоят аз саҳми арзандаи соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои гуногун, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонии соҳаи савдо, бунёди мактабҳо ва дигар муассисаҳои хусусӣ дар соҳаи маориф, ташаккули сектори хусусии соҳаи тандурустӣ, татбиқи технологияҳои навини инноватсионӣ, тарғиб ва афзун гардонидани хайру эҳсон нисбат ба ниёзмандон ёдрас шуд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд давоми моҳҳои апрел-декабри соли равон аз рӯи 8 самт - “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти агросаноатӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи маориф”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи таъмини сиҳатии аҳолӣ ва тандурустӣ”, “Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия” ва “Соҳибкори беҳтарини сол дар самти саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ” ва 42 номгӯй ҷараён гирифт.

Ахиран дар вазъияти тантанавӣ ба 42 нафар ғолибони озмуни вилоятӣ дар маҷмӯъ 431 200 сомонӣ мукофтпулӣ супорида шуд.

Барчаспҳо:
соҳибкор, соҳибкорон, мукофотпулӣ, озмун, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ