01:37 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

"Модар фаришта буд": шеъри Рамазон Раҳимзода дар пайравии Озар Салим

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
492930

Шоир Ниҳонӣ, ки тахаллуси вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, дар пайравии шеъри шоири номии тоҷик Озар Салим дар васфи модар, шеър гуфтааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад, дар пайравии шеъри номии Озар Салим "Модар фаришта буд" дар васфи модар шеър гуфтааст.

Дар он шоир аз вожаҳое, ки дар шеъри Озар Салим истифода мешаванд, корбурд карда, модарро  "фаришта" гуфтааст, ки "болу пар дорад". Ҳамчунин Ниҳонӣ низ аз калимаҳои "ҳадя", "кӯдакӣ" ва "дуо" истифода кардааст.

Раҳимзода дар байти мақтаи шеър тахаллуси худ ва исми Озарро қайд мекунад.

Модар фаришта буд, ки гуфто, ки пар надошт,

Фарзанд буд болу параш, худ хабар надошт.

Шояд хабар зи болу параш буд ҳам, вале

Фикри ҷудоӣ аз писару аз падар надошт.

Дар кӯдакӣ чу хостамаш ҳадяе барам,

Гарчӣ фақир буд, ба зар ҳам назар надошт.

Гар беш буд даври ҷавонӣ ҳавас ба деҳ,

Бар ҳадяҳои бурдаам ҳоҷат дигар надошт.

Обаш ба ҷои ҳадя чакондам чу қатрае,

Даври лабаш ба ғайри дуо бар писар надошт.

Модар фаришта буд, пари хеш монду рафт,

Аз дарду ранҷи қалб мадор он қадар надошт.

Модар фаришта буд, фаришта ҳамешагӣ,

Ҷуз доғу дарди зиндагӣ ранҷе агар надошт.

Маъзуну саргарон гузарам аз мазори ӯ,

Ҷуз рӯи шод модари воло гуҳар надошт.

Ҳамдардии касе бикунам к-ӯ зи хурдиаш,

Бо даргузашти модараш ҷуз чашми тар надошт.

Чун қадри ӯ Ниҳониву Озар бигуфтаанд,

Бе ёди модар дардашон дар дил асар надошт.

Шеъри "Модар фаришта буд”-и Озар Салим яке аз қавитарин ашъори солҳои охир дар бораи модар дар адабиёти форсӣ эътироф мешавад.

Дар пайравӣ ба ин шеъри Озар, чанде дигар аз шоирони тоҷик низ шеърҳои наве дар ситоиши модар гуфтанд. Аз ҷумла Иззатманди Саломиён дар шеъри худ бо ишора ба муқоисаи модар бо фаришта дар шеъри Озар модарро аз ҳуру фаришта ҳам бартар хондааст.

Бештар аз ҳафт овозхон ин шеърро ба оҳанг даровардаанд.

Пештар шеърҳои шоир Ниҳонӣ  дар васфи раисҷумҳури Тоҷикистон, дӯстии Тоҷиктону Узбакистон ва модаркушии ҷангҷӯи тоҷик расонаӣ шуда буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ