09:04 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия

Соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон дар “Хуҷандторгмаш” як корхонаи дигар таъсис медиҳанд

© Свободная экономическая зона "Сугд"
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
279 0 0

Роҳбарияти корхонаи “Хуҷандторгмаш” тасмим гирифтааст, ки дар заминаи корхона боз як корхонаи нав таъсис дода, истеҳсоли трансформаторҳоро ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.  Корхонаи нав Дар “Хуҷандторгмаш” бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон сохта мешавад ва истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба роҳ монда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корхона аз иқдоми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили корхонаро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ карда аст.

“Бо истифода супоридани корхонаи нав даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мегардад”, таъкид намудааст Аҳмадзода.

Ёдрас мешавем, ки “Хуҷандторгмаш” яке аз корхонаҳои бузургтарини шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла чанд навъи таҷҳизоти барқӣ барои ошхона ва таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ истеҳсол мешавад.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар корхонаи мазкур ба миқдори 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Барчаспҳо:
соҳибкорон, соҳибкор, Узбакистон, корхона, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ