Озмуни ҷумҳуриявии “Навозандагони ҷавон” ва “Рассомони наврас” ҷамъбаст шуд

Обуна шудан
Дар даври ниҳоии озмун 20 нафар толибилмони мактабҳои санъат ва мусиқӣ дар бахши “Навозандагони ҷавон” ва 10 нафар толибилмони мактабҳои санъат ва рассомӣ дар бахши “Рассомони наврас” иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik.  Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Навозандагони ҷавон” ва “Рассомони наврас” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат фарҳанги Тоҷикистон.

Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Дар озмуни мазкур намояндагони аҳли санъат ва ҳунар, мухлисони савту наво ва санъати тасвирӣ ҳузур доштанд. Инчунин дар ин маҳфили фарҳангӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовинони вазири фарҳанг низ иштирок намуд. 

Дар даври ниҳоии озмун 20 нафар толибилмони мактабҳои санъат ва мусиқӣ дар бахши “Навозандагони ҷавон” ва 10 нафар толибилмони мактабҳои санъат ва рассомӣ дар бахши “Рассомони наврас” иштирок намуданд. 

Дар даромадгоҳи театр асарҳои рассомии иштирокчиёни бахши «Рассомони наврас», ки дар мавзӯъҳои мухталиф офарида шудаанд, ба маъраз гузошта буданд, ки аз ҷониби тамошобинон ва меҳмонони чорабинӣ баҳои баланд гирифтанд. 

Барномаи консертии иштирокчиёни бахши “Навозандагони ҷавон”, ки дар толори театр сурат гирифт, аз ҳунару истеъдоди волои наврасони тоҷик шаҳодат медод. Аҳли толор ба навозиши рубоб, рубоби прима, дутор, кларнет, най, фортепиано, доира, скрипка ва кселофон, ки аз ҷониби иштирокчиён дар сатҳти баланд иҷро гардид.

Рустам Эмомали на заседании - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмун: Рустам Эмомалӣ ба талабаю донишҷӯёни аълохон ва хушрафтор стипендия медиҳад

Раиси ҳакамони озмун Сангалӣ Ҳакимов ҳамроҳи директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонов ба иштирокчиёни даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Навозандагони ҷавон” ва “Рассомони наврас” диплом ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳангро супорид. 

Боиси зикр аст, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Навозандагони ҷавон” ва “Рассомони наврас” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, инкишофу шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон байни наврасони лаёқатманд, инкишоф додани малакаҳои касбӣ ва ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0