03:09 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
На дороге в Душанбе, архивное фото

Биё, то манзилат мебарам: дар Душанбе ронанда мусофирро лату кӯб ва ғорат кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
614 0 0

Ронанда бо як ҷавони дигар ба мусофир ваъдаи интиқол то манзилро карда, ӯро дар нисфи роҳ лату кӯб намуда, пул ва телефонашро кашида гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе ҷавони 20-солаеро дар мошин лату кӯб ва ғорат кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ аз маҳаллаи Гипрозем ба худраве савор шудааст. Ронанда ва мусофираш дар ними роҳ ҷавонро лату кӯб карда, пул ва телефонашро кашида гирифтаанд.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2018, шахсони номаълум ӯро бо мақсади ба манзили истиқоматиаш расонидан аз маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе ба автомашина савор карда, дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1560-сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-1”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - омадааст дар хабари ВУД.

Кормандони милисаи Душанбе ҳангоми бозҷӯӣ ду ҷавонро, ки яке 23 ва дигаре 25 сол доштаанд, боздошт кардааст.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ