1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

© Фото : Пресс-служба ОАО "Таджик Эйр"ОАО "Таджик Эйр", архивное фото
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри наворе аз фурудгоҳи Маскав иддао доранд, ки ширкати "Тоҷик Эйр" онҳоро фиреб медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук даъво мекунанд, ки ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" онҳоро фиреб додааст.

Ба гуфтаи корбарони Фейсбук, онҳо барои парвоз ба Тоҷикистон ба рӯзи 23 декабр билет хариданд, аммо бо сабабҳои номаълум парвозашон ба рӯзи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Онҳо иддаодоранд, ки намояндагони ширкат барои парвоз дар ҳамон рӯзе, ки дар билет навишта шудааст пули иловагӣ талаб мекунанд.

“Агар пулӣ иловагӣ диҳӣ, парвоз ҳамон рӯз сурат мегирад, агар не то рӯзи дигар мунтазир мемонӣ. То 1,5 ҳазор рубли русӣ надиҳӣ ба Тоҷикистон парвоз намекунӣ. Ҳамаи мардум инҷо чипта доранд, вале парвоз карда наметавонанд. Мардумро масхара мекунанд”, - мегуяд корбари Фейсбук.

Муҳоҷирон дар фурудгоҳи шаҳри Маскав дармонданд.

Намояндагони ширкат эълон намуданд, парвоз рӯзи даигар сурат мегирад.

Дигар корбарони Фейсбук низ аз ин ширкат шикоят мекунанд.

© ФейсбукКорбари Фейсбук
1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: Тоҷик Эйр мардумро масхара мекунад? - Sputnik Тоҷикистон
Корбари Фейсбук

Ба гуфтаи вай парвозҳои ширкати мазкур доимо як шабонарӯз ба таъхир меафтад. Муҳоҷирону мусофирон дар фурудгоҳҳо хоб мекунанд.

"Болои гаронии нархи чипта 5 ҳазор пулӣ изофӣ мегиранд. Инчунин дар чиптахо гарчанде 20 кило навишта шуда бошад онҳо ҳамагӣ 15 килло иҷозат медиҳанд.  Бори дасти умуман иҷозат намедиҳанд, агар иҷозат ҳам диҳанд, танҳо 5 кило бо супоридани маблағи иловагӣ", -мегуяд вай.

Ахиран Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон супориш додааст, ки фаъолияти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро тафтиш карда барояд. 

Раҳмон кори ширкати ҳавоиро танқид карда мушкилиҳои асосиашро низ баён доштааст.

Масалан, роҳбари кишвар дар бораи ҳавопаймои “Боинг 767-332” ёдовар шудааст, ки тахмин меравад аз арзишаш як маротиба зиёдтар аз тарафи ширкати “Тоҷик Эйр” харидори шудааст.

Раисҷумҳур ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар супориш додааст, ки ин масъаларо низ дида барояд.

Чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”  то охири соли оянда ҳавопаймоҳои кӯҳнаашро ба фурӯш мебарорад.

Дар маҷмуъ ширкат тасмим гирифта буд зиёда за 20 ҳавопаймояшро фурӯшад.

Инчунин чанде пеш маълум шуда буд, ки ҳукумати тоҷикистон мехоҳад саҳмияҳои “Тоҷик Эйр”ро ба ширкатҳои хусусӣ дода бо ин роҳ ӯро аз муфлисшавӣ раҳо кунад.

Айни ҳол 100 фоизи саҳмияҳои ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба худи ҳукумат таалуқ доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0