05:09 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Зану мардҳоро барои алоқаи ҷинсӣ шинос мекард: боздошти далла дар Хуҷанд

© AFP 2019 / STR
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4174 0 0

Зан барои "хидматаш" "мукофотпулӣ" мегирифтааст. Ӯ аз як зани 24-сола ва марди 39-сола барои шинос кардан 400 сомонӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд зани 35-солае ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, милисаҳои шаҳри Хуҷанд ҳангоми бозҷӯӣ зани 35-сола, сокини шаҳри Бӯстонро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастгир кардаанд.

"Ӯ 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:50-дақиқа, дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ