05:29 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Мастер сумо из Таджикистана Фотех Мухторов, архивное фото

Варзишкори навъи “сумо” мехоҳад дар Душанбе “Токиои хурд” созад

© из личного архива Фотех Мухторова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Варзишкор Фотеҳ Мухторов, ки ҳамчун оғозкунандаи гуштии “сумо” дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, кайҳо боз мехоҳад дар Душанбе Маркази варзишии муҳорибаҳои японӣ кушояд

ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Устоди варзиши навъи “сумо” Фотеҳ Мухторов тасмим гирифтааст дар Душанбе Маркази варзишии муҳорибаҳои японь кушояд.

Фотеҳ ин оғозбахшандаи гуштии навъи "сумо" дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай аз соли 1981 то 2000 бо гушти тарзи озод машғул буд, аз соли 2001 ба навъи сумо гузаштааст. Дар соли 2011 дар Лас-Вегаси Амрико соҳиби медали биринҷӣ чемпионати ин кишвар гардида буд. Инчунин чандин маротиба қаҳрамони чемпионатҳои байналмилалии ин навъи варзиш гаштааст.

“Ман солҳо боз бо ин орзӯ зиндагӣ дорам. Махфӣ нест, ки дар кишвар зиёданд мухлисони муҳорибаҳои японӣ. Инчунин кам нестанд варзишкороне, ки аз рӯи навъҳои гуногуни муҳорибаҳои танбатани японӣ дар арсаи байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад мекунанд. Ман ҳам нисбати муҳорибаҳои японӣ бетараф нестам. Барои ҳамин андешаи сохтани  Little Tokyo (Токиои хурд) ба сарам омад. Токиои хурд ин майдон ва маркази таёркунии варзишкорони навъҳои гуногуни муҳорибаҳои японӣ буда барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногун, низ мусоидат хоҳад кард”, - гуфт Мухторов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ айни ҳол вай барои сохтани ин гуна маҷмааи варзиши ҷой кофта истодааст.

“Токиои хурд” ин маҷмаи варзишие мешавад, ки дар он на таҳо дзюдо ва сумо ба роҳ монда мешавад, балки дигар навъи муҳорибаҳо пешбинӣ хоҳанд шуд. Шаҳрдори кишвар Рустами Эмомалӣ ин тасмимро дастгирӣ кардааст ва мо дар интизории ба даст овардани қитъаи замин барои сохтани ин маҷмаа ҳастем”, - гуфт Мухторов.

Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи маҷмааи варзиши алакай тасдиқ шудааст ва танҳо баъзе нозукиҳо ва ҷои сохтмон муайян нашудаанд.

Мақсад ин аст, ки маҷмаи варзишии “Токиои хурд” то 30-солагии ҷашни истиқлолият сохта ба истифода дода шавад.

Барчаспҳо:
муҳориба, варзиш, Токио, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ