Ахирон Маҷлис: Ҳукумат муассисаи давлатии нав ташкил мекунад

Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дар як маҷлис, ки таҳти роҳбарии раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон” қарорҳои дахлдор қабул кард

ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Имрӯз, 28 декабр таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки интизор меравад дар соли 2018 ахирон аст.

Дар он масъулин чанд қарори вижа қабул карданд, ки яке аз онҳо дар бораи таъсис муассисаи давлатии нав - “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон” мебошад.

  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар кори маҷлис нахуст масъала “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи иҷрои буҷет, вазири рушди иқтисод  Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи лоиҳаи чанд қонун дар назди раисҷумҳур ва иштирокдорон гузориш доданд.

Дар бораи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Дар бораи Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд ва Номгӯйи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд ва Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон”, муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон масъулинро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандҳои Паём, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор намудааст.

Лентаи хабарҳо
0