21:27 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
В Душанбе прошла ярмарка для милиционеров

Соли нав муборак: милисаҳо гӯшту биринҷу ордро 30 дар садӣ арзон хариданд

© МВД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бахшида ба Соли нав барои кормандонаш ярмаркаи маҳсулоти арзон баргузор кард

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бахшида ба Соли нав барои кормандонаш ярмаркаи маҳсулоти арзон баргузор кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии ВУД, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гӯшт, биринҷ, орд, равған, шакар, тухм, картошка, пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.

"Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Соли Нави 2019 ба шумор меравад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин гуна як намоишгоҳ дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пештар бахшида ба Рӯзи милисаҳо 9 ноябр баргузор шуда буд.

Он вақт намоишгоҳро хоҷагиҳои ёрирасон бо маҳсулот пур карда, нархи он 50 дар сад нисбати бозор арзонтар буд.

Мавзӯъҳои асосӣ