18:47 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон в ҳайъати расмии Тоҷикистонро ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр ба Тошканд бурд

Парвози таърихии “Сомон Эйр” ба Шарм-ул-шайхи Миср

Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
548 0 0

Аввалин мусофирон ба самти Душанбе-Шарм-ул-шайхро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода, муовини директори ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Сӯҳроб Ҷӯраев гусел намуданд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Аввалин парвози чартерии ширкати ҳавоии  “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Шарм-ул-шайхи анҷом ёфт, иттилоъ додааст дафтарии матбуоти ширкати "Сомон Эйр".

Бино бар иттилои манбаъ, парвози мазкур бори нахуст дар таърихи авиатсияи граждании тоҷик мебошад. 

Ширкати  сайёҳии “Компас”  фармоишгари  хатсайри чартерии  Душанбе –Шарм-ул-шайх буда,  намояндагии  ширкати мазкурро дар Тоҷикистон  ширкати “Трансавиа Экспресс” бар уҳда дорад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки бори нахуст  бо ҳавопаймои Боинг 737-800  168 нафар мусофир аз Душанбе ба  самти Шарм-ул-шайх сафар карданд.

Парвозҳо аз Душанбе ба ин самт дар ҳар  10 рӯз як маротиба сурат мегирад, вақти парвоз аз Душанбе то Шарм-ул-шайх  5 соатро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки  алҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ