23:30 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мэрия Душанбе подарила спец. технику  МЧС Таджикистана

Шаҳрдорӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошини махсус тақдим кард

© Пресс-служба МЧС Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Шҳардории Душанбе барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим кард

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мошини нави боркаши махсуси РВД тақдим намуд.

Мошини мазкур бо мақсади  беҳбуди парки техникии Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақдим намуд.

“Ин техникаи вазнин барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот ва расонидани кумак ба аҳолии ниёзманд чӣ дар кӯчаҳо ва чӣ дар хонаҳои баландошёна ба кор бурда хоҳад шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ хабар додааст, ки дарозии “дасти” ин мошини “ГАЗ-3309” 18 метр будааст.

Барчаспҳо:
Шаҳрдори Душанбе, шаҳрдори Душанбе, шаҳрдори Душанбе, тақдим, техника, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ