07:00 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбари Маркази имдоди Шоҳ Салмон

Маркази имдоди Шоҳ Салмон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қаноатманд аст

© МИД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази имдоди Шоҳ Салмон зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Роҳбари марказ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиъа баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik.  Рӯзи 30 декабр Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Сарпарасти умумии Маркази Шоҳ Салмон доир ба кумакҳои фаврӣ ва корҳои башардӯстона доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиъа мулоқот кард.

Зимни мулоқот тарафҳо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо маркази мазкурро баррасӣ намуданд.

Тарафҳо аз ҳамкории мавҷудаи марказ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки имкону захираҳои густариши ҳамкорӣ ҳанӯз хеле зиёд аст ва аз имконятҳои мавҷуда аз он ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳим истифода карда шавад.

Барчаспҳо:
мулоқот, Арабистони Саудӣ, сафири Тоҷикистон, вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ