07:02 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон: ёди 2018 ва баёни ҳадафҳо дар соли 2019 - видео

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамватанонро бо Соли нави мелодии 2019 шодбош гуфта, рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу намуд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш, ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро аз ҷумлаи рӯйдодҳои дар ҳақиқат таърихии соли 2018 хонд.

“Моҳи марти соли 2018 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар ҷодаи ҳалли яке аз проблемаҳои глобалии сайёра таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” пазируфта шуд”,- зикр кард Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи муҳими дигари соли 2018.

Ӯ афзуд, соли 2018 боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Узбакистон гардиши куллӣ ба амал омад.

“Бо иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи мушкилоту масъалаҳои солҳои тӯлонӣ дар байни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл гардида, барои амалӣ шудани нияту орзуҳои деринаи халқҳои бародари мо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд ва муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуданд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки дар соли нави 2019 низ амалҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар дар бунёди иншооти гуногун вусъати бештар пайдо намуда, ба ин васила бисёр мушкилоти иҷтимоии дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат бартараф карда мешаванд.

Ӯ афзуд, ки тариқи рушди сайёҳию ҳунармандӣ мақсад дорад, ки мушкилоти мардумро ҳал кунаду сатҳи зиндагиро беҳтар намояд.  

“Бо мақсади идома додани ин раванд, мо солҳои 2019-2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардем”, - гуфт Президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш инчунин аз зарурати баланд бардоштани нуфузу обрӯи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ,  истодагарӣ кардан ба оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, забони давлатӣ, расму ойин, суннату анъана ва одобу ахлоқи ҳамидаи халқро таъкид кард.

Ӯ изҳори итминон намуд, ки “ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2019 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Мавзӯъҳои асосӣ