07:23 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Компьютеры, архивное фото

Дар пойтахти Тоҷикистон дузди компютерҳо дастгир шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 36-солаи сокини пойтахт, ки қаблан маҳбас шуда буд, бо гумони дузди дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт мардеро дастгир намуданд, ки аз анбори корхонаи ҶДММ “Алфарид”,  10-адад протсесорҳои компютер дуздида буд.

Манбаъ хабар додааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ соҳибкор, марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми декабри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ қулфи дари корхонааш  ҶДММ “Алфарид”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакиро шикаста, аз он ҷо 10-адад протсесорҳои компютери тамғаи “Селерон 1.8”-ро, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба гуфтаи роҳбари корхона арзиши протсесорҳои компютер 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

“Зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуда, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд”, - таъкид кардааст ВУД Тоҷикистон. 

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ин ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, дастгир, дуздӣ, компютерҳо, компютер, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ