02:29 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Выдача полисов ОСАГО, архивное фото

Бимаи мошин дар Тоҷикистон гарон шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

То 1-уми январи соли 2019 шахсони воқеъи дар Тоҷикистон барои бимаи мошини худ 127 сомонию 50 дирам ва ашхоси ҳукуки 247 сомонию 50 дирам масраф хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон арзиши бимаи ҳатмӣ барои худравҳои шахсӣ дар Точикистон 10 дарсад боло рафт. 

Гароншавӣ аз ҳисоби болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Точикистон аст, ки аз 50 ба 55 сомони расид сурат гирифтааст.

Арзиши бимаи  ҳатмии мошинҳо шурӯъ аз 1-уми январи соли 2019 ба ҳисоби миёна аз 170 сомонӣ то ба 250 сомонӣ боло рафт.

Инчунин, дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи яксолаи сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳои шахсӣ низ аз 3100 сомонӣ ба 3420 сомонӣ боло бурда шуд.

Бинобар омори расмӣ, ки Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст, шумораи умумии мошинҳо дар Тоҷикистон июли соли 2017 ба 436 ҳазору 444 адад баробар буд. Ин ба он маъност, ки ба ҳисоби миёна ҳар оилаи чорум дар Тоҷикистон соҳиби мошин аст ва гароншавии нархи суғурта ба будҷаи ин хонаводаҳо таъсири сахт хоҳад дошт.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки суғуртаи дошта бошад, дар акси хол нозирони БДА ҳақ доранд ронандаро барои надоштани ин хуччат  ҷарима кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ