23:35 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото

Доллар дар Тоҷикистон камёфт ва гарон шуд

CC0 / Pixabay / Intellectual
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
369 0 0

Камбуди доллар боиси равнақи бозори сиёҳ ва арзаи ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 80 дирам шуда, дар ҳоле ки дар бонкҳои тиҷорӣ арзиши ҳар доллар 9 сомониву 45 дирам муқаррар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Камбуди доллар бо оғози соли нави мелодӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон муҷиби нигаронии бозаргонони ин кишвар шудааст, менависад "Парс тудэй".

"Акнун танҳо дар “Казкоммертсбанк” дар шаҳри Душанбе ва “Спитаменбонк” метавон ба миқдори маҳдуде доллар таҳия кард ва дигар бонкҳои тиҷорӣ танҳо ба хариди арз машғул ҳастанд", - менависад манбаъ.

Аммо ин ин ду бонк низ танҳо 200 доллар барои ҳар муштарӣ тайи як ҳафта вогузор мекунанд ва дигар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки чун коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия даромади худро ба рубл ирсол мекунанд, имкони таҳияи доллар вуҷуд надорад.

"Аз ин рӯ, камбуди доллар боиси равнақи бозори сиёҳ ва арзаи ҳар доллар ба қимати 9 сомониву 80 дирам шуда, дар ҳоле ки дар бонкҳои тиҷорӣ арзиши ҳар доллар 9 сомониву 45 дирам муқаррар шудааст", - тавзеҳ медиҳад "Парс тудэй".

Коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия низ маҷбур мешаванд аз хариди доллар худдорӣ ва даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ