Дувоздаҳ ҳазор долларро гирифту замин надод: заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳанӯз соли 2011 бештар аз 12 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки замин ҷудо мекунад. Мард то ҳол натавонистааст гуфтаашро иҷро кунад ё пули гирифтаашро баргардонад

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии як сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки бо ваъдаи ҷудо кардани замин бештар аз 12 ҳазор доллар гирифта, ба ваъдааш вафо накардааст.

Гуфта мешавад, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 43-солаи сокини ноҳияи Восеъ  ворид гардид.

"Моҳи майи соли 2011 марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа, бо роҳи фиреб ба боварӣ даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,05-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Шайнаки ҷамоати деҳоти Пахтакор 12 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағамро барнагардонидааст", - гуфта мешавад дар аризаи мард.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0