13:04 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Дождь, архивное фото

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст

CC0 / Beryl_snw / Rain - ED
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар борон борида, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф мерезад

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, инчунин  то 10-12   ва   рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 18-23  ва рӯзона 3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.   Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона     3-8  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои абрнок шуда, борон меборад.    Ҳаво   шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ