15:51 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото

Боздошти мард барои ташкили фоҳишахона: ду манзилашро дар Душанбе ба фоҳишахона табдил дод

© AFP 2019 / STR
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
508 0 0

Ӯ барои муносибатҳои маҳрамонаи зану мардони бегона дар манзили зисташ шароит фароҳам оварда, аз онҳо аз 150 то 250 сомонӣ "мукофотпулӣ" мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди ҷавоне барои ташкили фоҳишахона хабар медиҳад: ӯ ду манзилашро дар Душанбе ба фоҳишахона табдил дода аз ин ҳисоб даромад мегирифтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, мард 26 сол дошта, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт аст.

Гуфта мешавад, вай рӯзи 6-уми январи соли 2019, тахминан соати 15:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Навбаҳоррро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ  гирифтааст.

Ҳамчунин номбурда, рӯзи 6-уми январи соли 2019, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсумро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 19-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ гирифтааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ