12:45 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Боздошти ронанда барои интиқоли ғайриқонунии моҳӣ

Мусодираи 600 кило моҳии "Зандол" аз Субҳоналӣ Рафиев дар роҳ ба Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Ӯ бе ягон иҷозатномаи мақомоти дахлдор ин моҳиҳоро аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ интиқол дода, бо ин амали худ ба табиат зарари махсусан калон расонидааст

ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Кормандони милитсияи масоили экологӣ аз худрави ронандае 600 кило моҳӣ мусодира карданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  6-уми январ кормандони ВУД дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар дидбонгоҳи Чорбоғи ноҳияи Варзоб воситаи нақлиёти тамғаи "Опел-Астра" боздошт гардид.

Гуфта мешавад, худрав таҳти идораи ронанда Рафиев Субҳоналӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб қарор дошт.

"Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони нақлиёти номбурда ба миқдори 600 килограмм моҳии “Зандол” (1000-дона) дарёфт ва мусодира карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки ронанда бе ягон иҷозатномаи мақомоти дахлдор ин моҳиҳоро аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ интиқол дода, бо ин амали худ ба табиат зарари махсусан калон расонидааст.

Тибқи хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе таҳти №03 аз 7-уми январи соли 2019 арзиши 1000-дона моҳии “Зандол”(судак) 55 000-сомониро ташкил медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ