07:10 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Дождь в Душанбе, архивное фото

Обуҳавошиносон: дар пойтахт ва атрофи он боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе боридани  борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ  ҳавои  абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона  -1+4 ва рӯзона     7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28  ва рӯзона 5-10  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -3-2 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 6-11  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 ва рӯзона   2-7  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
душанбе, меғ мефарояд, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ