13:31 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Производство молочных продуктов, архивное фото

Дар шаҳри Панҷакент корхонаи коркарди шир ба кор даромад

© Sputnik / Варвара Гертье
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар маросими ба истифодадиҳии сехи коркарди шир иштирок намуда

ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik.  Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба фаъолияти сехи коркарди шир дар шаҳри панҷакент расман оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, сехи коркарди шир аз ҷониби соҳибкор Аслам Эшназаров бунёд гардидааст. Дар сехи мазкур, ки ба истеҳсоли 8 намуди маҳсулоти ширӣ машғул хоҳад буд, 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Инчунин пас аз ифтитоҳи сехи коркарди шир Раҷаббой Аҳмадзода ба сехи мурғпарварии соҳибкор Ҷовид Абулҳанов рафта аз фаолияти ин корхонаи мурғпарварӣ аз наздик ошно шуд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар сехи мазкур 13 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва ҳамарӯза шаш ҳазор дона тухм истеҳсол ва ба бозорҳои шаҳр бароварда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти сехи мурғпарварӣ тавсия дод, ки аз таҷрибаҳои пешқадам истифода намуда доираи фаъолиятро васеъ кунаду парвариши мурғ ва истеҳсоли тухмро афзоиш диҳад.

Ёдрас мешавем, ки дар шаҳри Панҷакент як қатор корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, соли сипаришудаи 2018 саноатчиёни шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 789 миллиону 921600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар соли сипаришуда дар шаҳр 12 корхонаҳои хурди саноатӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки дар натиҷа 60 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Барчаспҳо:
Панҷакент, корхонаи нав, сех, маҳсулоти ширӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ