19:55 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Эълони муфлисӣ ё эҳёи парвозҳо: як моҳи Расулзода барои ҳалли тақдири "Тоҷик Эйр”

© Sputnik / Сергей Субботин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1466 0 0

Тақдири “Тоҷик Эйр”-ро тайи як моҳи оянда комиссияи махсуси ҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода эълон хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ширкати “Тоҷик Эйр” тамоми парвозҳоро дар ҳамаи масирҳо қатъ кардааст, хабар дод РИА Новости аз қавли Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати мазкур.

“Тоҷик Эйр” ба 13 шаҳр, аз ҷумла  Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, Бишкек, Алмато, Самарқанд, Хуҷанд ва ғайра парвозҳо анҷом медод.

“Парвозҳои Tajik Air дар ҳамаи масирҳо қатъ шудааст. То охири фасли сармо парвозҳои “Тоҷик Эйр”- ро ба шаҳрҳои Русия “Сомон Эйр” анҷом медиҳад”, - иттилоъ додааст РИА Новости.

Манбаъ афзудааст, ки феълан вазъи “Тоҷик Эйр”-ро комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода омӯхта истодааст ва қарор дар мавриди тақдири ширкат бояд давоми як моҳ эълон карда шавад.  

РИА Новости навиштааст, ду роҳ дар назар аст, ки яке эълони муфлисии “Тоҷик Эйр” ва дигаре эҳёи фаъолияту парвозҳо, агар муайян гардад, ки вазъ ислоҳшаванда аст.

Ахиран ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ба дунболи қатъи парвозҳояш эълон кард, ки бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

Барчаспҳо:
Қоҳир Расулзода, "Тоҷик Эйр", қатъ, парвоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ