16:36 25 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Тоҷикистон дар оғуши барфу борон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik.  Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Ҳаво  шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ   боридани борону барф  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то  10-12  ва рӯзона    -4+1  дараҷа сард  мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  шуда, барф   меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, инчунин то 13-15 ва   рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25  ва рӯзона 7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  1+6  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона -4+1 ва рӯзона   -2+3  дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Душанбе, бориши барфу борон, барфу борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ