13:27 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Фрукты в Душанбе, архивное фото

Тоҷикистон дар 10 соли охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро 3 баробар афзуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Ҷумҳурӣ барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва шикор 100 миллион доллар ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Аз буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2019 барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 915,4 миллион сомонӣ (97 миллион доллар) ҷудо карда мешавад, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Бо ин маблағ ҳамчунин чанд лоиҳаи соҳаҳои мазкур амалӣ карда мешаванд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қайд карда мешавад, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби амалӣ кардани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар даврони истиқлол бештар аз 12 миллиард сомонӣ (1,2миллиард сомонӣ) ҷудо гардидааст.

Дар даҳ соли ахир ҳаҷми истеҳсолоти масолеҳи кишоварзӣ то 3 баробар зиёд шуд. Яъне аз 7,4 миллиарди сомонӣ дар соли 2000 то 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 афзуд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон қайд мекуннад, ки барои рушди соҳа бояд ба масоили захира ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти бештар дод.

Мавзӯъҳои асосӣ