14:50 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Презентация нового Iphone 8

Ду ҷавон аз "Панҷшер" 36 телефони мобилӣ дуздиданд

© AP / Marcio Jose Sanchez
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Онҳо тақрибан соатҳои 5:00 субҳ вориди мағоза шуда, аз он 36 телефони мобилиро, ки маблағи он 43 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздиданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ду ҷавонро ба иттиҳоми дуздии 36 телефони мобилӣ дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷавонон - яке 22 сол дошта, сокини ноҳияи Фархор ва дигар 24-сола сокини ноҳияи Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, муттаҳамон моҳи ноябр, тақрибан соатҳои 5-и субҳ бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусӣ, воқеъ дар бозори “Панҷшер”-и Душанбе  даромадаанд.

"Онҳо аз он ҷо 36-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 7000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зарари расонидашуда 43000-сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои раёсат, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ