12:48 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Ҳисоботи додситонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз фаъолияти солонаашон ба Раҳмон

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
512 0 0

Дар Тоҷикистон фаъолияти солонаи мақомоти додситониро ҷамъмбаст ва вазифаҳои минбаъдаи мақомотро муайян карданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Додситонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти додситонӣ дар назди додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳисобот доданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи ҳайъати мушовараи Додситонии кулл дар бораи натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомот 10 ноябр баргузор гардид.

"Дар ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратура мушовири бахши Ёрдамчии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода С. иштирок дошт", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Юсуф Рахмон фаъолияти мақомоти додситониро ҷамъаст намуда, ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Додситонии кулл, додситонҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро шунидааст.

"Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Додситонии кулл, додситонҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд", - афзудааст манбаъ.

Мавзӯъҳои асосӣ