14:49 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Девушка в наручниках, фото из архива

Ҷанҷоли шабонаи зану шавҳар дар Гулбӯтта бо куштори мард анҷомид

© Sputnik / Anar Mustafayev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1305 0 0

Зан дар пайи ҷанҷол бо шавҳараш, марди 34-сола ӯро бо корд ду маротиба ба тарафи чапаш задааст. Дар натиҷа шавҳар дар беморхона ба худ наомада вафот мекунад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ зане ба иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зани ҷавон, 28-сол дошта, 10 январ бо шавҳараш, марди 34-сола ҷанҷол намудааст. Дар натиҷа зан бо корд ба ҳамсараш "ҳамла" мекунад.

"Рӯзи 10-уми январи соли 2019, тахминан соати 23:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз хунрезии зиёд ба худ наомада дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса дар деҳаи Гулбӯттаи ноҳияи Рудакӣ рух додааст. Тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ