13:54 10 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Далери Абдуллох пресс-секретарь компании IRS

Ширкати IRS: тармафароӣ яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст

© из личного архива Далери Абдуллоха
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
557 0 0

Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ мебошад хабар дод, ки кормандони ширкат алакай ба тозакунии оқибатҳои тармафароӣ шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS, ҳарчанд дар шаҳр барфу борон дида нашвад, вале дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ боришот аз 8 октябр шурӯъ шуда, рӯз аз рӯз шадидтар мешавад.

Вай афзуд, ки мавқеъӣ роҳи Душанбе-Чаноқ муракаб аст. Роҳ дар кӯҳистон ҷойгир аст. Шоҳроҳ бештар фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва лағжидани кӯҳпораҳо осеб мебинад.

“Имрӯз дар масири шоҳроҳ фаромдани тарма шурӯъ шуд. Ҳарчанд боридани барфу борон шурӯъ аз 8 октябр шуда буд, тармафароӣ шурӯъ аз ҳамин рӯз оғоз ёфт. Имрӯз аз соати 6 саҳар то нисфирӯзи кормандони ширкат 11 адад ҳолати тармафароиро тоза намуданд- таъкид кард сухангӯи ширкат.

Вай фаромадани тармаро яке аз мушкилиҳои асосӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ арзёбӣ кард.  

Намояндаи ширкат қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар роҳ зери назорат аст. Вай ёдрас шуд, ки аз ҳама бештар фаромадани тарма дар зимистони соли 2016 ва 2017 ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамон солҳо кормандони ширкат зиёда аз ҳазор тармафароиро бартараф намуданд.

Масири роҳе, ки аз фаромадани тарма бештар осеб мебинанд, ин аз 48 то 73-юм километр ва 152 то 160-ум километр мебошанд. Аммо мушкилтарин нуқта ба гуфтаи намояндаи ширкати IRS, ин роҳ аз минтақаи варзоб то нақби Истиқлол, яъне аз 48 то 73-юм километр будааст.

“Ҳолатҳое, буданд, ки дар ҳамин масир барои бартараф намудани тармафароӣ беш аз 40 техникаву механизмҳои ширкат фаъолият мекарданд. Барои мисол зимистони соли гузашта, дар ҳамин масир барои поккунии тарма  ҳамарӯза ширкат аз 12 то 20 ҳазор литр сӯзишворӣ масраф мекард. 40 техника шабонарӯзӣ  дар се баст кор мекарданд”, -таъкид кард Далер Абдуллоҳ.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи ширкат таъкид дошт, ки ҳоло дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии офатҳои табиӣ бунёди нақбу галереяҳо баррасӣ мешавад.

Вай гуфт, ки  ширкати IRS дар самти сохтмони долонҳои зидди тармавӣ  кор бурда истодааст. Ин кор дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдор ва кумаки бевоситаи сохторҳои ҳукуматӣ сурат гирифта истодааст.

“Ман боварӣ дорам, ки барои ҳамкорӣ дар ин самт дар ояндаи наздик чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, афзуд сухангӯи ширкат.

Намояндаи ширкат  таъкид намуд, ки ҳифзит ҳаёти шаҳрвандон болотар аз омилҳои дигар мебошад.  

“Новобаста аз он, ки ширкати саҳомӣ нигаҳдории роҳро бар зимма гирифтааст, мо ҳавасманд нестем, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ шавад, вале аз лиҳози арзишҳои инсонӣ мо ҳеҷ гоҳ намегузоем, дар мавсими хавф, ки фаромадани тарма зиёд аст воситаҳои нақлиёт ҳаракат кунад. Барои мо ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон болотар аз омилҳои дигар  аст”, - гуфт вай.

Ахиран фармоиши якҷоияи Вазоратҳои умури дохила ва нақлиёт ба тасвиб расид, ки дар ҳамдастӣ бо филиали ширкат дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати мошинҳои боркаш ва тамоми ҳаракати мошинҳо барои як муҳлати муайян аз ду то чаҳор соат то бартараф намудани ҳолатҳои тармафароӣ боз дошта мешаванд.

Инчунин вай таъкид дошт, ки ширкат барои нигоҳдории роҳ дар сатҳи олӣ тавонманд мебошад. Ширкат барои нигоҳу бини роҳ маблағҳои ҳангуфт масраф мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, ширкат дорои беш аз 181 техникаву механизмҳо мебошад. Соли гузашта, ширкати IRS барои бартараф намудани тармаҳо, таҷҳизоти нав ба монанди булдозеру трейлерҳои махсус харидорӣ кардааст.

Далери Абдуллоҳ, сари вақт ба ҷои ҳодиса нарасидани кормандони ширкатро ба бетафовутии баъзе аз ронандоҳо вобаста медонад. 

Вай гуфт, бетафовутии баъзе аз ронандаҳо боиси танбашавии нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ мешавад. Ширкат ба сабаби танбашавӣ наметавонад сари вақт техникаҳои боиқтидорро ба маҳали фаромдани тарма расонад.  

Ба гуфтаи манбаъ, дар соли 2018 ҳудуди 70 километр роҳ ба таъмири куллӣ ва зиёда аз 100 километр роҳ ба таъмирӣ ҷорӣ фаро гирифта шуд. Инчунин ширкат барои нигаҳдории роҳ корхонаи асфалтбарорӣ ва ду корхонаи масолеҳи сохтмонӣ бунёд намудааст.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи нақби Истиқлол, Варзоб, Душанбе-Чаноқ, масраф, танбашавӣ, ширкати IRS, ширкати IRS, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ