02:05 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд

Тағйироти кадрӣ: дар Суғд муовини нави раиси вилоят таъин гардид

Дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (71)
190220

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуда ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” барои аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардидани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ розигӣ дода шуд.

Ёдрас мешавем, ахиран Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод шуда, тибқи Фармони эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (71)
Барчаспҳо:
муовини раис, вилояти Суғд, Суғд, тағйироти кадрӣ, тағйирот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ