Дар Чин коргардон Фирдавс Ниёзов соҳиби ҷоиза гардид

© Посольство Таджикистана в КНРТаджикский режиссёр получил награду на Фестивале краткометражного кино в Китае
Таджикский режиссёр получил награду на Фестивале краткометражного кино в Китае  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои 11 – 13 январи соли 2019 дар шаҳри Вейфанги музофоти Шангдонги Чин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметражи Вейфанг баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Коргардонҳои тоҷик ба фестивали филмҳои кӯтоҳметражи Вейфанг се филм пешниҳод карданд, иттилоъ додааст Сафорати Тоҷикистон дар Чин.

Давлат Худоназаров - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Давлат Худоназар: талоши Рӯдакӣ зидди арабишавӣ то баҳси тоҷику узбак барои Сино

Ҳайати ҳакамони фестивали мазкур филми “Бархӯрд”-и коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзовро сазовори ҷоиза донист.

Ҳамчунин дар доираи фестивал ҳамоиши коргардонҳои филмҳои кӯтоҳметраж баргузор шуд, ки дар он атрофи масоили мубрами соҳа ва рушди ҳамкории минбаъда табодули назар сурат гирифт.

Шумораи умумии филмҳои кӯтоҳметражи ба фестивал пешниҳодшуда беш аз 2900 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 100 филм маҳсули эҷодиёти коргардонҳои хориҷӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0