Ду эроди Рустам Эмомалӣ: ислоҳи камбудӣ дар мактабҳо ва беморхонаҳои Душанбе

Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ аз масъулини соҳа тақозо кардааст, ки ҷинояткориро миёни хонандагони мактабҳо пешгирӣ кунанд, "нафарони ғайриихтисос ба соҳаи маориф роҳ дода нашаванд", кормандони соҳаи тандурустӣ бошанд, "сатҳи касбият"-и худро такмил диҳанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ҳангоми ҷамъбасти рушди фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии Душанбе бештар ба ду мушкилӣ таваҷҷӯҳ намудааст: яке дар соҳаи маориф ва дигаре дар соҳаи тандурустӣ.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе аз маҷлиси вижаи раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳо гузориш медиҳад, Рустам Эмомалӣ пеш аз ҳама ба соҳаи маорифи шаҳр эрод гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, дар Душанбе бояд пеш аз ҳама ҷинояткориро миёни хонандагон пешгирӣ кард ва донишу малакаи омӯзгоронро тақвият бахшид.

"Раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули нафарони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия тадбирҳои ҷиддӣ амалӣ карда шаванд", - гуфта мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин, шаҳрдор таъкид намудааст, ки малакаву дониши кормандони тибро низ бояд такмил дод.

"Раиси шаҳр аз нуқсону камбудиҳо дар сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ёдовар шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод", - афзудааст манбаъ.

Пештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао доштанд, ки дар Душанбе мушкилии нақлиёт ҳамоно доғ мемонад. Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд ба шаҳр автобусҳои нав ворид гаштаву хатсайрҳо тағйир дода шуда бошанд ҳам, то ҳол мусофирон барои расидан ба ҷойи лозима мушкилӣ мекашанд.

Лентаи хабарҳо
0