07:02 10 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

КҲФ Тоҷикистон: ҳаракати мошинҳо дар баъзе аз роҳҳо барқарор шуд

© Sputnik / Денис Абрамов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
290 0 0

Рӯзҳои 15-16 январи соли равон боришоти пайваста дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Рашт- Сангвор - Лахш – марзи Қирғистон сабабгори лағзиши тарма шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik.Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Кирғизистон, Душанбе -Чаноқ, ҳамчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод пурра тоза карда шудаанд ва мошинҳо дар ҳаракатанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, роҳи мошингради Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи-Хумб,  Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Роштқалъа,  Хоруғ–Мурғоб тоза карда мешавад ва муваққатан баста мебошад. 

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки тарма роҳи мошингарди Рашт - Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистонро баст.

Ҳамчунин тарма дар роҳи Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ –Мурғоб сабабгори қатъи муваққатии ҳаракати мошинҳо шуд.

Тармафароӣ дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон сурат гирифтааст.

Дар ҷойҳои лағзиши тарма техникаи поккунандаи роҳ эъзом гардид ва дар муддати кутоҳ роҳҳо барои аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо омода шуданд. 

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шаҳри Хоруғ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Кӯҳистони Бадахшон Ё.Файзов ҷаласаи фаврии Ситоди бартарафсозии офатҳои табииро баргузор намуд. 

Дар ин ҷаласа масъалаҳои сари вақт тоза кардани роҳҳо ва таъмини фаъолияти муназзами муассисаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди барарсӣ қарор гирифтанд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои мошингард барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риояи кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Ҳамчунин Кумита ба ронандаҳо ҳушдор додааст, ки дар аксар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳӣ туман боқӣ мондааст ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Барчаспҳо:
баста шудани роҳҳо, роҳҳо, тармафароӣ, тарма, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ