17:06 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Китоб, акс аз бойгонӣ

Ду зани китобдор дар Хатлон китобхонаҳо месозанд

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз оғози бунёди ду китобхона дар ноҳияи Вахш хабар додааст, ки аз ҷониби ду зани китобдор сохта мешаванд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, китобхонаҳо дар деҳаи Озодии меҳнати ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва шаҳраки Киров сохта мешаванд.

Манбаъ афзуд, китобхонаҳои мазкур аз ҷониби китобдорон - Меҳрӣ Холмирзоева ва Парвина Ташрипова бунёд магарданд.

Вазорати фарҳанг таъкид кардааст, ки китобхонаҳо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, вале шарҳи бештареро дар бораи китобдорони бунёдкор ироа накардааст.

Даст ба бунёдкорӣ задани китобдорон дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо нашр шуда буданд, ки соҳибкорон ва мансабдорони Тоҷикистон аз ҳисоби худ дар зодгоҳашон, ё шаҳри Душанбе иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохтаанд.

Аз ҷумла тибқи иттилои нашршуда, Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур Боғи ба номи Алишер Навоӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон боғи Кӯли ҷавонон ва Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазир Боғи Восеъро тармим карда, вазорату кумита ва корхонаҳои дигар низ дар пойтахт ободкориҳо анҷом доданд.

Ҳукуматҳои вилояти Суғду Хатлон боғҳои ба номи Айнӣ ва Абдулқосими Фирдавсиро навсозӣ карданд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагиии Истиқлолият дар кишвар бунёдкории густурда роҳандозӣ шавад ва мақомдорону соҳибкорони зиёде ба ин маърака пайвастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ