07:47 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Қарорҳои Рустами Эмомалӣ дар бораи Фестивали “Наврӯз” ва ярмаркаҳо

© Сайт мэрия Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
334320

Дар Душанбе дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” доир мегардад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарореро дар бораи дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии “Наврӯз - меросифарҳангии сайёҳӣ” ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Раиси шаҳри Душанбе қарори мазкурро бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, инчунин ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри ба имзо расонидааст.

Тибқи қарори мазкур Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз -2019 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.  

“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои гузаронидани чорабинии мазкур аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи заруриро ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”,- гуфта шудааст дар Қарор.

Инчунин, Раиси Шаҳри Душанбе имрӯз қарори дигареро дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣдар соли 2019-ро ба имзо расонд.

Қарори мазкур бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба тасвиб расонида шудааст.

Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)

Мавзӯъҳои асосӣ