01:27 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Қарори кӯмаки Аҳмадзода ба шахсоне, ки дар ҶБВ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Аз моҳи январи соли 2019 ба шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд, ҳар моҳ 80 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарореро ба тасвиб расонидааст, ки мувофиқи он шахсоне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, ҳар моҳ 80 сомонӣ кӯмакпулӣ мегиранд.

Ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ  бо яке аз медалҳои "Барои Fалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", "Барои Fалаба бар Япония" ва "Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945"  ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 80 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардад.

Раиси вилоят Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро вазифадор кардааст, ки барои сари вақт пардохт шудани кӯмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5 - ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

Пештар Аҳмадзод бо як қарори худ ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил низ 80 сомонӣ кӯмакпулии ҳармоҳа таъин карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ