12:03 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
В посёлок Варзоб была доставлена гуманитарная помощь от военно-следственного отдела при 201 РВБ

Русия ба Тоҷикистон ду маротиба камтар кӯмаки башардӯстона расонид

© Пресс-служба ЦВО
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
294 0 0

Русия ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи 14 миллион доллар кӯмаки башардӯстона расонида буд. Ин нишондод дар соли 2018 7 миллион долларро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Соли гузашта Тоҷикистон аз 62 кишвари ҷаҳон ба маблағи 48,4 миллион доллар кӯмаки башардӯстона гирифт, ки назар ба соли 2017 25,2 миллион доллар камтар аст, менависад Ожонсии омори назди президенти Тоҷикитон.

Ин кӯмакҳо бештар аз Русия - 14,3 дар сад, Ҳиндустон - 13,6 дар сад ва Чин 10,2 дар сад расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаи Русия дар соли 2018 назар ба соли 2017 ду баробар камтар шудааст: аз 14 миллион доллар то ба 7 миллион доллардааст.

Тоҷикистон дар соли 2010 ба маблағи 614 миллион доллар кӯмаки башардӯстона гирифтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ