Ҷамъбасти соли 2018 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента РТРасширенное заседания правительства РТ
Расширенное заседания правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Субҳи имрӯз дар бинои Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳисоботи додситонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз фаъолияти солонаашон ба Раҳмон

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд дод.

“Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2018 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид”,  - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доимр ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0