Садамаҳои маргбор дар ноҳияҳои Восеъ ва Шаҳристон

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар садамаҳои маргбор дар ноҳияҳои Восеъ ва Шаҳристони Тоҷикистон як мусофир ва пиёдагард ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми январи соли равон, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тӯраев Комрон, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, пиёдагард Муродов Шералӣ пахш намудааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар як садама 4 нафар ба ҳалокат расид ва 4 нафари дигар маҷруҳ шуд

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса дар ҳудуди кӯчаи У.Хайёми ноҳияи Восеъ рух додааст.

“Ронанда  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродов Шералӣ Одинамаҳмадович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ш.Шоҳинро пахш намудааст”, - хабар додааст манбаъ.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Инчунин, рӯзи 19-уми январи соли равон, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, Алиқулов Шерзод, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Расулов Маҳмадзамир Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Айнӣ, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра» Атобуллоев Иномиддин Каримович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати Музаффар Ҷабборов дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҷойи садама

Мусофирони дигари Шодмонов Муллонасим Шодибоевич, соли таваллудаш 1974 ва Муҳиддинов Абдулхайр Қамарович, соли таваллудаш 1966, сокинони ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд. 

Лентаи хабарҳо
0