12:20 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, акс аз бойгонӣ

Таърифи Раҳмон аз ниятҳои Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ ва тақозои таъмини нақлиёт дар Душанбе

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
646811

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат дар пайи шунидани ҳисоботи шаҳрдор Рустами Эмомалӣ аз вазъият дар Душанбе, ӯро барои таваҷҷуҳаш ба рушди бахши варзиш дар ВМКБ низ тавсиф кардааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд кардани 8 майдончаи варзишии муосирро аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдоми шоиста арзёбӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба Рустами Эмомалӣ барои вусъати корҳои ободонӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, пурра пайваст кардани иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба системаи гармидиҳӣ, беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дар Душанбе супориш додааст.

Дар ҷаласа инчунин иҷрокунандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов гузориш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Файзов барои таъмини волоияти қонун, ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмон, таъмиру навсозии роҳҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди сангҳо, рушди сайёҳию ҳунармандӣ дар қаламрави вилоят дастур додааст.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки махсусан ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ дода шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ