11:51 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж

Вобастагӣ аз марказҳои букмекерӣ се ҷавонро ба роҳи дуздӣ бурдааст

© МВД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
357 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон кормандони милитсия се ҷавонеро дастгир намуданд, ки дуздӣ мекарданд ва пулҳои ба даст овардаашонро дар марказҳои букмекерӣ бози мекарданд. Чунин вобастагӣ бархе ҷавононро ба роҳи ҷиноят бурдааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кормандони милитсияи пойтахт се нафар ҷавонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани силсила ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия Қосимов Алишер Шералиевич, соли таваллудаш 1996, Раҷабов Парвиз Негматуллоевич, соли таваллудаш 1998 ва Сайфуддинов Ҳайдаралӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1995, ки истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд, дастгир намуданд.

“Номбурдагон бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ва шомил шудан ба бозиҳои букмекериву марказҳои компютерӣ, маслиҳати шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон ва рабудани маблағу телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро намуда, асосан шабона ба ин кор даст задаанд”, -таъкид намудааст манбаъ.

  • Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж
    Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж
  • Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж
    Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж
1 / 2
Сотрудники милиции столицы задержали троих молодых людей по обвинению в совершении 35 краж

Манбаъ хабар додааст, ки номбурдагон шаби 15-уми декабри соли равон бо шикастани тирезаи мошини шаҳрванд Абдураззоқов Абдулло, ки дар назди бинои баландошёнаи кӯчаи Клагенфурт меистод аз дохилаш як адад компютери тамғаи “Самсунг” ва дигар таҷҳизотҳои компютериро, ки дар маҷмӯъ 4600 сомонӣ арзиш доштааст, рабудаанд. 

Ҳамзамон номбурдагон, аз дохили мошини шаҳрванд Раҳимов Файзиддин, ки дар назди манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов меистод, оинаашро шикаста ду адад телефони мобилӣ ва маблағҳои пулии номбурдаро ба дуздидаанд.

Манбаъ афзудааст, ки беҳудагардии шабона ва машғул шудан ба бозиҳои компютериву вобастагии марказҳои букмекерӣ ин ҷавононро ба роҳи хато ва содир намудани ҷиноят бурдааст.

Зимни корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар содир намудани 35 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
мошиндуздҳо, пойтахт, айбдор, ҷавонон, душанбе, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ